<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>C</key>
<hymn_number>184</hymn_number>
<title>Худоё, бубахшо гуноҳи маро Хд184</title>
<lyrics>[V1]
.C                Dm
 Худоё, бубахшо гуноҳи маро,
.        F         G   C
 Ки ман дар ҳузури Ту шармандаам.
.C               Dm
 Биёлуда домонам инак гуноҳ
.      F           G    C
 Аз ин рӯ, Худоё, сарафгандаам.

[V2]
 Гуноҳ кардаам пеши чашмони Ту,
 Агар хашм гирӣ Ту бар ман, равост.
 Ман иқрор кардам, ки бад кардаам
 Ва ҳукми Ту бар ман дурусту баҷост.

[C1]
.  C                        Am
   Ба ҳаққи Ту бад кардаам, эй Худо,
.    F      G            C
   Раҳоӣ надорам ман аз хашми Ту.
.  C                        Am
   Раҳонам, Худоё, зи шарри гуноҳ,
.    F         G              C
   Бадиро напӯшондам аз чашми Ту.

[C2]
   Гуноҳкор будам зи рӯзе ки ман
   Набудам ҷудо аз тани модарам.
   Табоҳ гашта ҷонам зи шарму гуноҳ,
   Ман ин шармро то куҷоҳо барам?

[V3]
 Замири маро пур кун аз ростӣ,
 Биёмӯзам аз ҳикмати поки хеш.
 Ки то пок гардам ҳаме аз гуноҳ,
 Бидӯзам ман ин домани чоки хеш.

[V4]
 Хатои маро аз назар дур дор,
 Ва хурсанд кун ҷони ғамноки ман.
 Диламро зи айбу бадӣ пок кун,
 Фуруд ой кунун дар дили поки ман.

[C3]
   Магир аз ман ин файзи Рӯҳулқудс,
   Маяндоз дурам зи даргоҳи Худ.
   Наҷотам бибахшову шодам бикун,
   Ки ёбам ба шодӣ паноҳгоҳи худ.

[C4]
   Худоё, бигир аз ман ин ранҷро,
   Сабук кун даме дарди виҷдони ман.
   Ки хун рехтам, ин гуноҳи бузург
   Ба ҳам барзад оромиши ҷони ман.

[V5]
 Лабамро кушо, то ки дар васфи Ту
 Суруду навое зи дил сар кунам.
 Сарамро ба поят фуруд оварам,
 Фидои Ту ҷонро саросар кунам.

[V6]
 Ба қурбонӣ омодаам, эй Худо,
 Кунам ҷону дилро ба қурбони Ту.
 Ту ҳар чи бихоҳӣ, ба ҷо оварам.
 Напечам даме сар зи фармони Ту.

[C5]
   Шикаста дилам ҳолиё, эй Худо,
   Ту рӯҳи шикастадилон шод кун.
   Писанди ту ин рӯҳи бишкаста аст,
   Ту бишкастаро аз нав обод кун.

[C6]
   Худоё, зафар деҳ Ту ин халқро,
   Ба Байтулмуқаддас, ки ҷои Ту аст.
   Ту деворҳояш ба по кун зи нав,
   Ки ин шаҳри зебо барои Туст.

[C7]
   Ба қурбонӣ омода гӯсолаҳо
   Ба пои ту, эй Зоти Парвардигор.
   Ту манзур фармову раҳмат фазо,
   // Ба ихлосмандони Худ бор-бор. //</lyrics>
</song>